Telegram @emomalirahmontjk
21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон дар шаҳри Гулистон оғози расмӣ бахшиданд. Қобили зикр аст, ки Комбинати маъдантозакунии Адрасмон аз ҷумлаи корхонаҳои дорои таърихи тӯлонӣ буда, дар масири фаъолият бо бузургтарин монеаҳо рӯ ба рӯ гаштааст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои бартарафсозии мушкилиҳои мавҷуда дубора ба фаъолият оғоз кардан ва дар ин корхонаи азими саноатӣ тадбирҳои саривақтӣ амалӣ карда шуд. Дар заминаи ҳамин тадбирҳо бо мақсади барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи иқтидори истеҳсолӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди АСИМ оид ба барқарорсозӣ ва васеъ намудани иқтидори истеҳсолии ҶСК Комбинати маъдантозакунии Адрасмон амалӣ гардид. Пас аз расидан ба иқтидори пурра беш аз 1000 нафар мутахассис бо кор таъмин хоҳанд шуд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Notes