Announcement
Emomali Rahmon  ·  2026-09-21 08:01

Telegram @emomalirahmontjk

21 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чинро мавриди истифода қарор доданд. Марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ дар шаҳри Истиқлол бо дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст, ки дар он бо ҷалби 250 коргари маҳалливу хориҷӣ ва истифодаи технологияи насли нав 4 намуди маҳсулоти дорои арзиши баланд истеҳсол мешавад. Зимни боздид ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки консентрати сурбу нуқра, миси штейнӣ ва тилло ба ин корхонаи тозабунёд аз кони Зарнисор, ки ашёи хом дар он хеле фаровон аст, дастрасу коркард шуда, маҳсулоти тайёри он баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ ба хориҷи кишвар ҳам содир мегардад. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Суғд #Согд #Sughd President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube

Notes