Telegram @emomalirahmontjk
Шоми 11 сентябр дар ноҳияи Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати 35-солагии Истиқлоли далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони заҳматқарини ноҳияҳои Рашт, Нурободу Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва ҳамаи иштирокдорони чорабиниро бо солгарди 35-уми истиқлол табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ноҳияҳои водии Рашт сохтмону навсозии 986 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то 20 августи соли 2026 825 иншоот ё 82,1 фоизи онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ саҳми сокинони ноҳияҳо, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпешаро назаррас арзёбӣ карда, ба ҳамаи онҳо барои ташаббусҳои созанда, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иштироки фаъолонаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдорӣ баён намуданд. #ЭмомалӣРаҳмон #ЭмомалиРахмон #EmomaliRahmon #Тоҷикистон #Таджикистан #Tajikistan #Президент #President #Тоҷикон #Рашт #Rasht President.tj | Facebook | Instagram | Telegram | X | Youtube
Notes